Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ дар Ироқ поён ёфт


Дар Ироқ баршумурдани варақаҳои райъ дар интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд. Ба иттилоъи расмӣ, натоиҷи ин маъракаи сиёсӣ авоили ҳафтаи оянда эълон мешавад. Интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ дар Ироқ зери тадобири шадиди амниятӣ сурат гирифт. Ба иттилоъи расмӣ, барои дарёфти 440 курсӣ дар сохторҳои маҳаллӣ беш аз 14 ҳазор нафар талош карданд. Рӯзи шанбе дар бузургтарин шаҳрҳои Ироқ вазъи фавқулодда ҷорӣ шуда буд, вуруди нақлиёт ба шаҳри Басра, воқеъ дар ҷануби кишвар, мамнӯъ гардид. Дар бархе аз маҳаллаҳои Бағдод низ, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ, ҳаракати нақлиётро манъ кардаанд. Гуфта мешавад, ки ду рӯз пеш аз ин маърака дар ҳамлаҳои ҷудогона дар Бағдод, Мосул ва вилояти Диёл се довталаби курсиҳои шӯроҳои маҳаллӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG