Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони туркман ба таҳсил мераванд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ҳама аъзои ҳукуматро барои таҳсил ба Академияи хадамоти давлатӣ фиристод. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари Туркманистон дар нишасти ахири ҳукумат гуфтааст, ки “ҳама аъзои ҳукумат бояд малакаи худро боло баранд" ва ҳушдор додааст, "касе, ки аз ӯҳдаи супурдани имтиҳонҳои Академия набарояд, аз вазифа сабукдӯш хоҳад шуд”. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иқрор кардааст, ки Туркманистон ба камбуди раҳбарони баландтахассус мувоҷеҳ аст.

Интизор меравад, ки аввалин гурӯҳи аъзои ҳукумати Туркманистон рӯзи 2 март таҳсил дар Академияи хадамоти давлатиро шурӯъ кунанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин тақозо дорад, ки хатмкардагони Академияи тозатаъсис бояд ҳадди аққал бо як забони хориҷӣ озод ҳарф зананд.
XS
SM
MD
LG