Пайвандҳои дастрасӣ

Дар километрии 160-уми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ бар асари сангрезӣ 2 кас ҳалок ва 5 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳодиса дар мавзеъи Кафтаргузари роҳи автомобилгарди ҷоддаи мазкур сурат гирифтааст. Ба гуфтаи шоҳидони воқеъа Шарофиддин Сафиев, корманди муассисаи роҳсозии ноҳияи Тавилдара, ва ду ҳамдеҳааш, санги бузурги тақрибан 700-килоӣ аз кӯҳи канори роҳ сарозер рафта, ба як гӯшаи автомобили тамғаи УАЗ-469 бармехӯрад ва онро аз ҷодда мунҳариф месозад, ки дар натиҷа ин мошин бо 7 сарнишинаш ба ҷарии соҳили дарёи Хингоб вожгун мешавад.

Бино ба таъйиди намояндагии Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар дар ноҳияи Нуробод, 2 мусофири ин мошин ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ҳарду кушташуда аз ҷамоати деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз буда, дар як мактаби ноҳия муаллим будаанд. «Ҳамаи мусофирони ин мошин ба шаҳри Душанбе сафар доштанд, - гуфт намояндаи кумитаи мазкур ба хабарнигори родиюи «Озодӣ». – Дар ҳамин ҳол, ронандаи мошин ҷон ба саломат бурдааст».

Гуфта мешавад, ки ин қитъаи роҳ дар ду даҳсолаи ахир тармим нашудааст ва чун ин санги бузургҳаҷмро ҳанӯз ҳам ҳатто тракторҳои пуриқтидор натавонистаанд аз рӯи роҳ дур кунанд, феълан ин қисмати масири Душанбе – Хоруғ барои гузаштани мошинҳои боркаш аз ҳар ду тараф имконнопазир аст.
XS
SM
MD
LG