Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушташавии 2 нафар бар асари сангрезӣ


Дар километрии 160-уми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ бар асари сангрезӣ 2 кас ҳалок ва 5 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳодиса дар мавзеъи Кафтаргузари роҳи автомобилгарди ҷоддаи мазкур сурат гирифтааст. Ба гуфтаи шоҳидон, санги бузурги тақрибан 700-килоӣ аз кӯҳи канори роҳ сарозер шуда, ба як гӯшаи автомобили сабукраве бармехӯрад ва онро аз ҷодда мунҳариф месозад. Дар натиҷа ин мошин бо 7 сарнишинаш ба ҷарӣ вожгун мешавад.

Бино ба таъйиди намояндагии Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар дар ноҳияи Нуробод, 2 мусофири ин мошин ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳия бистарӣ шудаанд.

Ҷузъиёти ин воқеъаро метавонед дар матлаби муфассали хабарнигорамон дар давоми рӯз дар сомона мутолиъа намоед.
XS
SM
MD
LG