Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Амрико 3,8 фоиз пас рафтааст


Вазорати тиҷорати Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, иқтисоди ин кишвар дар семоҳаи охири соли 2008 тақрибан 3, 8 дарсад пас рафтааст, ки аз соли 1982 ба ин сӯ пасттарин мизони пасрафти семоҳа маҳсуб мешавад. Бо ин ҳол, Экзон Мобил ва Шеврон, ду ширкати бузурги нафти Амрико, рӯзи ҷумъа дар бораи даст ёфтанашон ба фоидаҳои бесобиқа хабар доданд. Экзон Мобил гуфтааст, фоидаҳояш дар соли гузашта назар ба фоидаи бесобиқае, ки ин ширкат дар соли 2007 дошт, 11 дарсади дигар бештар шудааст. Шеврон фоидаи фаъолиятҳои соли гузаштаашро наздики 24 миллиард доллар ҳисоб кардааст.
XS
SM
MD
LG