Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи кафш ба шарафи кафшҳои Зайдӣ


Дар Тиқрит, зодгоҳи ҳокими пешини Ироқ Саддом Ҳусайн, ба шарафи Мунтазир Зайдӣ, хабарнигори телевизиони Ал-Бағдодия, ки кафшҳояшро алайҳи раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд, муҷассамаи нимамисии кафшеро гузоштанд, ки аз дарунаш як дарахт баланд мешавад. Муҷассама маҳсули дасти ҳайкалтароши бағдодӣ Лайс Амморист. Мунтазир Зайдӣ рӯзи 14 декабр, дар нишасти хабарие, ки Ҷорҷ Буш зимни сафари хайрбодиаш ба Ироқ дар Бағдод доир кард, кафшҳои худро алайҳи Буш ҳаво дод. Ин амал дар ҷаҳони Араб таассуроти амиқе аз худ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG