Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди ҳамкории стротежии Русияву Куба


Раҳбарони Русияву Куба Дмитрий Медведев ва Раул Кастро рӯзи ҷумъа дар Маскав ба созишномаи ҳамкории стротежӣ миёни ин ду кишвар имзо гузоштанд. Ҷузъиёти созишномаи имзошуда ҳанӯз дастрас нест, вале дар ҷараёни сафари Раул Кастро ба Русия, ки як ҳафта тӯл кашида, то 4 феврал идома хоҳад ёфт, Маскаву Ҳавана беш аз 30 қарордод имзо карданд. Ин нахустин сафари раҳбари Куба ба Русия аз замони хатми Ҷанги сард маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG