Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Раҳмон бо Конишӣ


Рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мудири нави Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Конишӣ мулоқот кард. Моту Конишӣ, ки силсиласафараш ба минтақаро аз дидори Тоҷикистон оғоз кард, гуфт, Бонки ҷаҳонӣ талош меварзад, дар амри рафъ ваё сабуктар кардани авоқиби бӯҳрони саросарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба ин кишвар дасти ёрӣ дароз кунад. Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 12 барнома ба маблағи умумии 173 миллион долларро иҷро мекунад, ки 85 миллионаш бар пояи кӯмакҳои билоивази ин ниҳоди байналмилалии молист.
XS
SM
MD
LG