Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Эрдуғон бо Перес


Субҳи имрӯз ҳазорон нафар тарафдорони сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пешвозаш баромаданд, то ки ӯро дар пайи баҳси шадиди лафзиаш бо раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес дар анҷумани иқтисодии Давос ҳамчун қаҳрамон истиқбол кунанд. Дар фурудгоҳи Истамбул ба хотири истиқбол аз Эрдуғон ҳудуди 5 000 нафар гирди ҳам омада буд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби гузашта дар Давос бо Шимон Перес, ки аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза пуштибонӣ кард, вориди баҳс шуд. Перес рӯзи ҷумъа изҳори умедворӣ кард, ки ин баҳс ба равобит бо Туркия таъсире нахоҳад гузошт. Баъди ин баҳс Перес ва Эрдуғон як гуфтугӯи телефонӣ низ доштаанд, ки ба гуфтаи ҳарду ҷониб, дӯстона будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG