Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон дар минтақаи Конибодоми вилояти Суғд як гузаргоҳи роҳи оҳан бо номи «Истиқлол» ифтитоҳ шуд.

Дар ин гузаргоҳи нав, назорати техникиву гумрукии қатораҳои тронзитии ин кишвар сурат хоҳад гирифт. Ба умеди ҷонибҳо фаъол шудани ин гузаргоҳ ба баҳсҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон сари замонат ба убури безиёни тронзитии қатораҳои боркаши ин кишвар поён хоҳад бахшид.

Иштироки сарварони идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Узбакистон дар маросими боз шудани он дар замоне, ки муносибатҳои миёни ин ду кишвари ҳамсоя дар баҳси истифода аз захоири обии минтақа ба сардии нав гароида, ба муҳимияти ин амр барои ҷонибҳо ишора мекунад.

Узбакистон дар солҳои ахир аз мавориди гум шудани борҳо аз қатораҳои тронзитиаш зимни убури вилояти Суғд борҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ба навбати худ бо радди ин иддаъо мегуяд, ки вагонҳои боркаши Узбакистон дар бисёр маворид бе рияоти талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла бемуҳр ва бидуни пешниҳоди асноди зарурии маводи интиқолёбанда хоки Тоҷикистонро убур мекунанд. Аз ин рӯ, муайян кардани дар кадом қитъаи роҳ рабудани бори вагонҳо ба душворӣ печида, аз даъвоҳо алайҳи ҳамдигар фаротар нарафтааст.

Ба оташи ин баҳсу талошҳо дуртар аз сарҳад ҷойгир будани гузаргоҳи расмии роҳи оҳани Тоҷикистон дар қисмати Конибодом равған мерехт ва мавқеи ин ҷонибро хатчадор мекард.

Мусайям Қодиров, муовини сардори идораи гумруки вилояти Суғд, гуфт, бунёди гузаргоҳи нави «Истиқлол» дар хати марз бо ноҳияи Бешариқи Узбакистон ба ҳалли ин мушкил кӯмак хоҳад кард.

Гузаргоҳи мазкур аз як иншооти ду ошёнаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир иборат буда, барои назорати техникӣ ва тиҷории вагонҳои қатораҳо пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи масъулини идораи роҳи оҳан, дар он идораи ин хадамот, марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон ҷой хоҳанд гирифт.

Вале ба гуфтаи муовини идораи гумруки Суғд, гузаргоҳи нав ҳанӯз бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз нест, вале дар ояндаи наздик ин кор анҷом хоҳад гирифт.

Ҳамин гуна як гузаргоҳ дар тарафи дигари қисмати роҳи оҳани Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен низ фаъол аст, ки соле қабл бунёд гашта буд. Роҳи оҳани вилояти Суғд ягона масири иртиботии қатораҳо миёни Тошканд ва се вилоёти ҷойгир дар Водии Фарғонаи Узбакистон : Фарғона, Намангон ва Андиҷон маҳсуб меёбад.

Аз соли гузашта Узбакистон ворид шудани қаторакаш (локомотивҳо) – и Тоҷикистонро дар минтақаи Сариосиё ба қаламраваш манъ карда, истифодаи пулакии қаторакашҳои худро ба роҳ монд.

Ҳамакнун Тоҷикистон низ аз чунин қоида кор гирифта, қатораҳои Узбакистонро танҳо тавассути қаторакашҳои Тоҷикистон ва пардохти маблағ ба роҳи оҳани худ ворид мекунад. Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои раҳдории ин ду кишвари ҳамсоя аз рӯи қоидаҳои нав ва меъёрҳои бозаргонӣ шакл мегиранд ва ба гуфтаи таҳлилгарон, боз шудани боз як гузаргоҳи нави роҳи оҳан дар минтақаи Конибодоми Суғд ба хотири танзими ин муносибатҳо ва аз байн бурдани мушкилоти пешин сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG