Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромадҳои давлати Русия 40 дарсад коҳиш меёбад


Вазири молияи Русия пешбинӣ кардааст, ки қисми дахли будиҷаи давлатии кишвар имсол метавонад ба иллати бӯҳрони иқтисодӣ 40 дарсад камтар биояд. Хабаргузориҳо аз қавли Алексей Кудрин навиштанд, ки қисми дахли будиҷаи имсолаи Русия шояд ба 6,5 триллион рубл бирасад, ки муодили тақрибан 185 миллиард доллари амрикоист. Қаблан ҳаҷми даромадҳои давлати Русия наздики 11 триллион рубл баровард мешуд. Иқтисоди Русия вобастаи соҳоти нафту газ буда, коҳиши башиддати нархи нафт зарбаи сахташ задааст.
XS
SM
MD
LG