Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини қирғиз истеъфои Боқиевро талаб карданд


Эътилофи ташаккулҳои умдаи мухолифини Қирғизистон истеъфои раиси он ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиевро талаб кардааст. Ҷунбиши муттаҳидаи мардумӣ дар як номаи саркушода Боқиевро дар мушкилоти иқтисоди кишвар ва ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи раҳбарони мухолифин айбдор мекунад. Мақомоти Бишкек алайҳи 5 раҳбари мухолифин парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Вазири пешини умури хориҷии Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқулов, аз ҷумла, ба сирқати маблағи муодили 17 000 доллар, ва раиси собиқи парлумон Омурбек Текебоев дар ҳифзи силоҳи ғайриқонунӣ муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG