Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири амниятӣ дар арафаи интихоботи Ироқ


Вазорати умури дохилаи Ироқ дар арафаи интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Мувсил қуюди шабгардӣ ҷорӣ кард. Қуюди шабгардӣ ҳаракати мошинҳо ва ҳатто тарк гуфтани шаҳрро барои сокинонаш то замони раъй додани онҳо дар интихоботи рӯзи 31 январ манъ мекунад. Ба хотири таъмини амният дар рӯзи интихобот беш аз 600 000 маъмури пулис ва нирӯи артиш басиҷ шуда, фурудгоҳҳои байналмилалии Ироқ баста шудаанд. Ҳаракати нақлиёт дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла дар Бағдод, ва ҳамин тавр, анҷоми парвозҳои ҳавоӣ низ манъ шудааст. Дарвозаҳои шаҳри Басра то поёни интихобот ҳатто барои равуо баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG