Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши навбатӣ миёни ду Корея


Кореяи шимолӣ гуфт, тамоми қарордодҳои бо Кореяи ҷанубӣ имзокардаашро лағв мекунад. Матбуоти давлатии Кореяи шимолӣ аз қавли як мақоми масъули равобит бо Кореяи ҷанубӣ Сеулро дар пешбурди сиёсатҳои душманона айбдор кард. Яке аз созишномаҳои лағвшуда қарордоди таъйини хутути марзҳои обии ду кишвар дар баҳри Зард будааст. Таҳлилгарон мегӯянд, авҷи ахири танишҳо эҳтимоли даргирӣ дар марзи миёни ду Кореяро бештар мекунад. Аммо бархеи дигар мегӯянд, Пхенян мехоҳад бо доман задани танишҳо дар музокирот бо давлати нави Амрико қартаи зиёдтари бозӣ дар даст дошта бошад. Сеул имрӯз гуфт, Пхенян дар муносибот бо ҳамсояи ҷанубиаш бояд ба ҷойи таҳдид аз гуфтугӯ кор бигирад.
XS
SM
MD
LG