Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғонро ҳамчун қаҳрамон истиқбол карданд


Субҳи имрӯз ҳазорон нафар тарафдорони сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пешвозаш баромаданд, то ки ӯро дар пайи баҳси шадиди лафзиаш бо раисиҷумҳури Исроил Шмион Перес дар анҷумани иқтисодии Давос ҳамчун қаҳрамон истиқбол кунанд. Дар фурудгоҳи Истамбул ба хотири истиқбол аз Эрдуғон ҳудуди 5 000 нафар гирди ҳам омада буд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби гузашта дар Давос бо Шимон Перес, ки аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза пуштибонӣ кард, вориди баҳс шуд. Перес рӯзи ҷумъа изҳори умедворӣ кард, ки ин баҳс ба равобит бо Туркия таъсире нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG