Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон раҳбари навро дертар интихоб мекунад


Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ба рӯзи 20-уми август ба таъхир гузошта шуд.

Бино бар Сарқонуни ин кишвар, интихоботи раисҷумҳури нав бояд моҳи май доир мешуд, вале ба сабабҳои амниятӣ мақомот интихоботро то ба рӯзи 20-уми август ба таъхир гузоштанд.

Дар шарҳи сабаби ин иқдом гуфта шудааст, таъмини амният дар кишвар, бахусус дар минтақаҳои ҷануб ва шарқ хеле душвор аст ва баргузории интихоботи шаффоф ва одилона дар ин манотиқ имконнопазир мебошад.

Раисҷумҳури феълии Афғонистон Ҳамид Карзай аз соли 2001, пас аз суқути Толибон дар пайи амалиёти низомии Амрико ва муттафиқонаш, умури идора дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро дар даст дорад. Дар интихоботи президентии соли 2004 баранда гардид.

Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳида, ният дорад, ҳузури низомии худ дар Афғонистонро тақвият бидиҳад. Раисҷумҳури нави Амрико, Барак Обама гуфтааст, тасмим дорад, ки шумори нерӯҳои низомии кишварашро дар Афғонистон аз 36 ҳазори феълӣ то ба 60 ҳазор нафар боло бибарад.
XS
SM
MD
LG