Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Аҳмадинажод


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод хостори афзоиши кӯмакҳои Эрон ба кишвараш шуд. Вай аз ҷумла дархост кард, барномаҳои иншооти энержӣ ва роҳу нақлиёт, ки ду кишвар ба роҳ мондаанд, пеш аз мӯҳлат ба итмом расанд. Ду раҳбар инчунин ҳамкориҳои низомиву амниятиро баррасӣ карданд ва гуфта мешавад, аз тамосҳои доимии сарони ниҳодҳои қудратии Эрон ва Тоҷикистон пуштибонӣ намуданд. Эрон ҳамчунин ваъда дод, бо назардошти вазъи душвори фасли сармо ба Тоҷикистон сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурӣ хоҳад фиристод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG