Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Амрикост, вале...


Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ гуфтааст, Теҳрон ба шарте омодааст бо президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ҳамкорӣ кунад, ки Амрико сиёсат ва амалкардҳои худро дар Ховари Миёна тағйир диҳад. Ҳангоми сӯҳбат дар дар Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давоси Швейтсария, Муттакӣ гуфт, агар сиёсатҳои Вошингтон дигар шавад, он дар минтақа бархӯрди созанда ва ҳамкориро пайдо хоҳад кард. Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс гуфт, Вошингтон дар ҷустуҷӯи роҳест, ки мустақим ба Эрон муроҷиат кунад. Вале мушкил ин аст, ки оё президент Маҳмуди Аҳмадинажод тарафи масъул ба сиёсати хориҷист ё раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ.
XS
SM
MD
LG