Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилояти Свердловск аз қабули муҳоҷирон даст кашид


Раиси вилояти Сведловски Русия, Эдуард Россел эълон кард, ки вилояташ дар соли 2009 аз хидмати муҳоҷирон пурра даст хоҳад кашид. Дар номааш ба вазорати иқтисодиёти Русия, Россел навиштааст, ки аз қабули саҳмияи 170 000 муҳоҷири корӣ худдорӣ мекунад. Қаблан вилояти Сведловск ба қабули 70 000 муҳоҷир ризоият дода буд, аммо акнун аз ин теъдод низ даст кашидааст. Интизор меравад, ки ҷойҳои кор ба аҳолии маҳаллӣ дода хоҳанд шуд. Ин вилоят яке аз пурмуҳоҷиртарин манотиқи Русия буда, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар он тақрибан 200 000 нафар ҳадс зада мешаванд.
XS
SM
MD
LG