Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар баҳси нерӯгоҳи Роғун


Бинои нави ҳукумати Қазоқистон
Бинои нави ҳукумати Қазоқистон

Ағлаби таҳлилгарони қазоқ бар ин назаранд, ки дар баҳси нерӯгоҳи Роғун ва оби минтақа Қазоқистон мавқеи бетарафиро ихтиёр мекунад.

Зеро, ба андешаи онҳо, ин кишвар дар ағлаби маврид, ба истилоҳ, ба даҳони Русия нигоҳ ва ошкору ниҳон аз он ҷонибдорӣ мекунад. Аз ҷумла Досим Сатпаев, сарвари гурӯҳи баррасии бӯҳронҳо бар ин аст, ки дар ин маврид бо назардошти бисёр омилҳо, аз ҷумла ҳам масъалаи ҳамминтақавӣ бо Тоҷикистон ва ҳам бо назардошти мавқеи Русия Остона хомӯшӣ ихтиёр мекунад. Оқои Сатпаев мегӯяд, «Қазоқистон дар ин масъала ягон фишанги фишороварӣ ва имконоти ширкат дар ин равандҳо надорад ва ин мавзӯъ, яъне сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун асосан марбут ба муносиботи байни Узбакистону Тоҷикистон аст ва баҳсест байни ин кишварҳо ва дар чунин баҳсҳо, аз чумла дар мавриди гуфтаҳои сарвари Русия Қазоқистон нақши нозирро мебозад». Ва чунин мавқеъгирии Қазоқистон, ба андешаи сиёсатшинос, низ ба суди Русия аст.

Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раиси пажӯҳишгоҳи пажӯҳишҳои миллии Қазоқистон низ ба андешаи Досим Сатпаев мувофиқ аст ва бар илова ҳадс мезанад, ки кишвараш аз Русия чонибдорӣ мекунад. Оқои Нурмуҳаммадов изҳор мекунад, «дар ин масъала Қазоқистон ягон нақши боризе бозӣ намекунад ва дар ниҳояти кор вай ба шариконаш аз ҷумла ба Русия такия мекунад».

Сиёсатшинос Дос Кошим низ чунин андеша дорад. Зеро кишвараш асосан дар сиёсати хеш аз пайи Русия меравад. Аз сӯи дигар, ба андешаи оқои Кошим, чун Қазоқистон дар минтақа даъвои лидерӣ дорад, бояд ҷонибдори сохтмони бузург дар минтақа бошад. Ба гуфтаи сиёсатшинос , «чун Қазоқистон масъалаи бунёди Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказиро ба миён гузоштааст, бо талоши кишварҳои минтақа бояд чунин иншоотҳои бузурги энергетикиро бунёд намуд».

Вале дар робитаи он, ки чаро Русия, ки замоне худ хоҳиши зиёде барои бунёди нерӯгоҳи Роғун дошт ва яке аз сармоягузорони асосӣ маҳсуб мегардид, дар Тошканд якбора мавқеи хешро дигар карда рӯ ба Узбакистон овард ва бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро коре бо ҳамсоякишварҳо донист, коршиносон назари гуногун доранд.

Аз ҷумла, сиёсатшинос Досим Сатпаев мегӯяд, чунин мавқеъгирии Маскав қабл аз ҳама ба он марбут аст, ки қаблан дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун байни Тоҷикистону Русия баҳсҳо ва зиддиятҳое мавҷуд буд ва ҳатто Тоҷикистон хост, ки барои бунёди нерӯгоҳ дигар кишварҳоро ҷалб намояд. Бар иловаи ин омил Русия дар ин баҳс бояд муайян мекард, ки минбаъд дар муносиботи хеш ба кадоме аз ин кишварҳо увлавият бахшад – ба Тоҷикистон ва ё ба Узбакистон ва бо ин васила бо ҳамон кишвар муносиботи хуб дошта бошад . Ва дар ниҳоят Маскав такия ба Узбакистон кард, ки дорои захоири фаровони табиӣ, аз ҷумла энаржии зиёд дорад. Бо чунин бархурд Маскав хост имкони ҳамкорӣ бо Тошканд дар дигар риштаҳоро дошта бошад. Аз ҷумла Русия дар ҷараёни сафари Медведев ба Тошканд имкони бештари интиқоли гази Узбакистонро пайдо намуд.

Вале Бӯрихон Нурмуҳаммадов чунин меҳисобад, «чунин мавқеъгирии Русия натиҷаи ба инобат гирифтани вазъи кунунии минтақа дар пиёдасозии сиёсати хеш аст. Аммо чунин мавқеъгирӣ дар ниҳояти кор боиси даст кашидани Русия аз нақши кишвари пешбари ҳамгаросоз ва ё мамлакати барои кишварҳои Осиёи Марказӣ намунаи ибрат хоҳад шуд.

Қазоқистон бошад баҳри он талош дорад, ки дар минтақа мавқеи хешро боз ҳам тақвият бахшад. Аз ин хотир вай бунёди созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказиро ба миён гузошта буд ва соли гузашта Остона изҳор карда буд, ки дар ҳолати эълон гардидани консорсиуми бунёди нерӯгоҳи Роғун дар он ширкат хоҳад кард.

Вале сиёсатшинос Досим Сатпаев мегӯяд, «бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ алъон ин кишварро водор сохтааст, ки аз чунин барномаҳои бузург даст кашад ва танҳо дар андешаи раҳоӣ бахшидани кишвар аз ин бӯҳрон бошад. Аз ин хотир дар робита ба бунёди неругоҳи Роғун Қазоқистон ба таври мушаххас чизе нахоҳад гуфт, вале дар масъалаи ҳалли баҳрабардорӣ аз дарёҳои фаромарзӣ Остона аз мавқеи Тошканд ва Маскав ҷонибдорӣ мекунад».

Вале иқтисодшиноси шинохтаи қазоқ Канат Берентаев ба андозае ба ин гуфтаи сарвари баррасии бӯҳронҳо мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд «ҳарчанд кишвараш гирифтори бӯҳрони шадиди иқтисодист, вале ширкат дар бунёди нерӯгоҳи Роғун барои Қазоқистон судманд аст ва бунёди ин пурӯжа масъалаи мушкилоти энержиро дар минтақа ҳал хоҳад кард. Аз сӯи дигар сохтмони нерӯгоҳи Роғун барномаест барои дарозмуддат ва Қазоқистон имкони дар он ширкат карданро дорост».

Иқтисодшинос мегӯяд, ки «агар воқебинона назар кунем, бунёди нерӯгоҳҳое мисли Тӯхтагул ва Роғун барои ҷамъ кардани захоири об дар давраи обёрӣ комилан зарур аст. Вале бо назардошти таҷрибаи неругоҳи Тӯхтагул, ки дар мавриди истифодаи об барои тавлиди барқу обёрӣ байни Қазоқистону Қирғизистон мушкилоте ба вуҷуд омадааст, бояд қабл аз бунёди чунин нерӯгоҳ атрофи масъалаи истифодаи об низ ба мувофиқа расид».

Аз сӯи дигар, тавре оқои Берентаев таъкид мекунад, ин пружаест, ки тарҳ ва сохтмони он дар даврони шӯравӣ омода ва оғоз гардидааст. Аз ин хотир ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, ки агар ин пружа бо дастгирии кишварҳои минтақа пиёда гардад ва дар оянда дар минтақа системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шавад, он мушкили ҳама кишварҳои минтақаро ҳам дар масъалаи истифодаи об ва ҳам дар дастрасӣ ба нерӯи барқи арзон осон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG