Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Достиев: "Коммерсант" дурӯғ мегӯяд"


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гузоришҳо дар мавриди эътирози Русия ба баёнияи расмии ҳукумати Тоҷикистонро рад кард. Нашрияи “Коммерсант” гузориш додааст, ки дипломатҳои Русия Абдулмаҷид Достиев сафири Тоҷикистонро ба вазорати умури дохила даъват карда ва ба ӯ гуфтаанд, ки шарҳи баёнияи Дмитрий Медведев, ба ҳайси раиси ҷумҳури як кишвар аз тарафи давлати Тоҷикистон берун аз меъёрҳои дипломатист. Манзур баёнияи Медведев дар Ӯзбакистон аст, ки гуфт, ҳангоми иҷрои тарҳҳои азими энержӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бояд манофеъи ҳамсоякишварҳо ҳам ба инобат гирифта шавад. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин замина гуфт, баёнияи Дмитрий Медведев мояи ҳайрати Тоҷикистон шудааст, зеро ба гуфтаҳои пешинаи раҳбарони Русия мувофиқат намекунад.
XS
SM
MD
LG