Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Митчелл бо Маҳмуд Аббос дидор кард


Фиристодаи Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, барои Ховари Миёна имрӯз бо Маҳмуд Аббос - раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин дидору гуфтӯгу кард. Ҷорҷ Митчелл гуфт, муҳимтарин кор дар марҳилаи феълӣ тамдиди оташбас дар Навори Ғазза аст, ки ба низоъи сеҳафтаинаи Исроилу Ҳамос хотима дод. Аммо Ҷорҷ Митчелл қасд надоштааст, бо гурӯҳи тундрави Ҳамос мулоқот кунад. Рӯзномаи “Йедиот Аҳаронот” –и Исроил имрӯз гузориш дод, ки нахуствазир Эҳуд Олмерт ба Ҷорҷ Митчел гуфтааст, кишвараш дар музокирот бо Фаластиниён ихроҷи 60 ҳазор шаҳракнишинони исроилӣ аз Канораи Ғарбро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи рӯзнома, Фаластиниён аз имзои ин созиши усулӣ сарпечӣ кардаанд, ба далели он ки то замони интихоботи Исроил дар рӯзи 10 -уми феврал созиш мавриди иҷро қарор намегирад.
XS
SM
MD
LG