Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми раиси AFC


Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзиё, қуръакашии сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё - доир гардид.

11 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 3 гурӯҳ тақсим шуданд.
Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода (Тоҷикистон), «Непал Полис Клаб» (Непал), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), ВАПДА (Покистон), ба гурӯҳи «В» «Ишқобод» (Туркманистон), «Шри-Ланка Арми» (Шри-Ланка), «Абахани» (Бангладеш), ба гурӯҳи «С» «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), «Канбавза» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа) ва «Йездин» (Бутан) дохиланд.

Се дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Макони баргузории сабқати гурӯҳӣ ва ниҳоӣ баъдтар муайян хоҳад шуд. Бозиҳо моҳҳои май (сабқати муқаддамотӣ) ва сентябр (даври ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ)-и соли 2009 баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG