Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Саакашвилӣ хостанд, истеъфо диҳад


Чанде аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлат дар Гурҷистон бо нашри як баёнияи муштарак хостори истеъфои раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ шуданд. Онҳо раиси ҷумҳурро ба таққалуб дар интихоботи гузашта муттаҳам намуда ва хостаанд, то ки низоми интихоботии Гурҷистон ба зудӣ ислоҳ шавад. Ҳизби раиси пешини порлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе ҳам ба ин даъват пайвастааст. Аҳзоби парокандаи мухолифи Гурҷистон дар гузашта натавонистаанд, Михайил Саакашвилиро ба таври ҷиддӣ ба чолиш бикашанд, аммо ин баёнияи муштараки онҳоро як нишонаи фишори афзоянда ба Михайил Саакашвилӣ медонанд, ки барои амалкардаш дар ҷанги Гурҷистон бо Русия дар моҳи август бисёр танқид мешунавад.
XS
SM
MD
LG