Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзиё, қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми даъвати AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё доир гардид.

17 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» тимҳои миллии Мянмар, Камбоҷа, Бангладеш (мизбони сабқат), Макао ё Муғулистон, ба гурӯҳи «В» Туркманистон, Филиппин, Бутан, Ҷазоири Молдив (мизбони сабқат), ба гурӯҳи «С» Непал (мизбони сабқат), Афғонистон, Қирғизистон, Фаластин, ба гурӯҳи «D» Шри-Ланка (мизбони сабқат), Покистон, Тайван ва Бруней дохиланд.

Се дастаи ҷоизадори мусобиқоти пешин – Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ - мустақиман ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Боз панҷ дастаи беҳтарини сабқати интихобӣ (чаҳор дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум) ба финал мебароянд.

Сабқати интихобӣ бо ду бозии плей-офф байни дастаҳои Макао ва Муғулистон (7-ум ва 14-уми марти соли 2009) оғоз меёбад.
Сабқати гурӯҳӣ аз 2-юм то 13-уми апрели соли ҷорӣ дар Бангладеш, Ҷазоири Молдив, Непал ва Шри-Ланка баргузор хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG