Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири бебарқӣ ба расонаҳои хабарӣ


Бебарқии саросарӣ ба фаъолияти расонаҳои чопии Суғд низ таъсири манфӣ гузоштааст.

Ҳафтавори «Вароруд» ба сабаби қатъи интиқоли барқ ба дафтари кориаш дар маркази шаҳри Хуҷанд ин ҳафта натавонист шумораи тозаи худро ба нашр расонад. Хабарнигорони расонаҳои чопии маҳаллӣ ва марказӣ дар Хуҷанд низ аз набуди барқ дар коргоҳ ва манзилҳо ва дучори мушкилоти зиёд гаштанашон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи «Вароруд», мегӯяд, бебарқӣ фаъолияти нашрияашро дучори беназмӣ кардааст. «Мо аз хонандаҳои нашрия пӯзиш мехоҳем, ки шумораи нав саривақт ба дасти онҳо нарасид. Мутаасссифона, дар ин ҳафта мо ду ё се рӯз он ҳам ду-соатӣ барқ доштем, халос. Навад дар сади кори мо марбут ба нерӯи барқ аст, ҳама компутерҳо аз кор монданд, натавонистем ҳафтаномаро ба дасти чоп супорем», - мегӯяд вай.

«Вароруд» яке аз се ҳафтавори мустақили Суғд аст, ки бо теъдоди 2500 ҳазор нусха ба чоп мерасад. Ба гуфтаи оқои Юсуфӣ, вазъи ногувори молии нашрия имкон надодааст, ки дастгоҳи барқзо харида, дар вақтҳои қатъи интиқоли барқ аз он истифода кунанд.

Бӯҳрони шадиди норасоии барқ кам ё беш ба кори дигар расонаҳои хабарӣ, матбааву чопхонаҳо ва хабарнигорони Суғдро тасъири номатлуб гузоштааст. Саъдиев Ҳоҷибобо, сармуҳандиси матбааи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, гуфт, ҳарчанд ин корхона аз ҷониби идораи барқ ба қатори коргоҳҳои ҳаётан муҳим дохил шудааст, вале набуди барқи доимӣ ва нобаҳангом пасту баланд шудани шиддати барқ ба корхонааш зиёнҳои техникӣ мерасонад. Ӯ афзуд, ки дастгоҳҳои чопии матбаа моли Ҳиндустон буда, бо паст рафтани шиддати нерӯи барқ аз кор бозмемонад.

Дар ин матбааи вилоятӣ ҳудуди 20 номгӯй нашрияҳои чопӣ, бо теъдоди аз 500 то 3 ҳазор нусха, дар як ҳафта табъ мешавад ва сармуҳандиси он афзуд, нашри онҳо дар ин ҳафтаи бӯҳрони бебарқӣ бо мушкилоти зиёди техникӣ анҷом мегирад.

Аммо дастнорасӣ ба нерӯи барқ беш аз ҳама ба фаъолияти хабарнигорони мустақил таъсири манфӣ гузоштааст. Алишер Охунов, хабарнигори ҳафтавори «Фараж» дар Хуҷанд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ мегӯяд, ки имрӯзҳо бо қалам менависад ва чун имрӯзҳо дар манзил ва коргоҳаш барқ нест, барои ирсоли матлаб бо сарфи маблағ ва вақти зиёд аз хадамоти марказҳои Интернет истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG