Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири "Қайроққум"- ро аз кор ронданд


Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом кард, ки Сироҷ Пӯлодов - мудири нерӯгоҳи барқии обии “Қайроққум”- ро ба сабаби бемасъулиятӣ аз мақомаш барканор кардааст. Ин нерӯгоҳи муҳими воқеъ дар шимоли Тоҷикистон чанде пеш дучори садама шуд ва аксарияти сокинону муассисаҳои вилояти Суғдро дар доми торикиву сардӣ гузошт. Пештар аз ин дар миёнаҳои моҳи январ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интиқоди шадид аз фаъолияти раҳбарони ширкати “Барқи Тоҷик” бисёре аз онҳоро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард. Дар Тоҷикистони ташнаи нерӯи барқ, ҳоло бисёре аз сокинони кишвар рӯзона танҳо то се ё чаҳор соат бо нерӯи барқ таъмин мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG