Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Санаи интихоботи Афғонистон эълом шуд


Кумиссиёни Марказии Интихоботи Афғонистон имрӯз эълом кард, ки интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар 20 август соли равон баргузор хоҳад шуд. Бо ин маротибаи дуввум мешавад, ки мардум дар Афғонистон раиси ҷумҳурро аз роҳи раъйдиҳӣ интихоб мекунанд. Бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон, интихобот бояд моҳи май баргузор мешуд, вале Азизуллоҳ Лудин – раиси кумиссиён гуфт, таъхир дар баргузории интихобот бо назардошти як банди Қонуни Асосӣ аст, ки баргузории интихобот дар шароити ноамнро иҷоза намедиҳад. Ҳомиди Карзай, ки интизор меравад, барои даври дигари ҳукмронӣ дар Афғонистон номзадиашро хоҳад гузошт, чанд рақиби пурқудрат ҳам хоҳад дошт. Маҳбубияти Ҳомиди Карзай бар асари фасодкории густурда дар ҳукуматаш ва афзоиши ҳамлаву харобкориҳои Толибон дар Афғонистон камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG