Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи осори гаронбаҳо аз қочоқбарон


Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон эълом кард, теъдоди зиёди китоб ва дастхатҳои нодири қадимаро мусодира кардааст, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар мехостанд ба хориҷ қочоқ кунанд. Нозирҷон Бӯриев - сухангӯи ин кумита имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, дар байни асарҳо дастнависи китоби «Қуръон» мероси асри 18, ва китобҳои чопии сангии «Ҳикоёти саҳоба», ва «Шарҳ-ул-виқоя», осори садаи 19 ҳастанд, ки барои аҳли илму фарҳанг арзиши ниҳоят баланд доранд. Нозирҷон Бӯриев гуфт, тамоми осори нодири забтшуда аз дасти қочоқбарон барои ҳифз дар ихтиёри Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон гузошта шудааст. Сӯхангӯи Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни таҳқиқот, номи муттаҳамон ба қочоқи осори гаронбаҳо ва кишварҳои мавриди назари онҳо бурда намешавад.
XS
SM
MD
LG