Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Ироқу Афғонистонро "тасмимҳои душвор" номид


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама мегӯяд, ҳукумати ӯ дар масъалаҳои Ироқ ва Афғонистон бо тасмимҳои душворе рӯбарӯст. Вай ин нуктаро пас аз аввалин ҷаласааш бо мушовирони ҳарбӣ дар Пентагон баён дошт. Обама гуфт, ҳарбиён вазифаи худро дар зери фишори бузурге ба ҷо меоранд ва ваъда дод, ки аз онҳо ҳимоят хоҳад кард. Обама дар маъракаи интихоботӣ ваъда дода буд, ки ҷанги Ироқро бо камоли масъулият ба поён хоҳад расонд ва нерӯҳоро аз ин ҷо дар 16 моҳ фаро хоҳад хонд. Вай ҳамчунин дастур дод, ки стратегияи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мавриди бознигарии комил қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG