Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости сафири Қирғизистон аз миллатгароёни рус


Сафири Қирғизистон дар Русия дар мулоқот бо раҳбари яке аз гурӯҳҳои миллатгарои рус аз ӯ дархост кард, ба муҳоҷирони қирғиз дар Русия осеб расонида нашавад. Сафир Раҳимқул Аттакуров ба хабарнигорон гуфтааст, раиси "Иттиҳоди славянӣ" Дмитрий Дёмушкин дар мулоқот муаддабона рафтор кард, аммо гуфт, ба муҳоҷирон муносибати бад дорад, зеро онҳо ҷойҳои кори русҳоро ишғол кардаанд ва ба густариши фасод мусоидат мекунанд. Ба гуфтаи сафир Аттакуров, Дёмушкин ба тобеъони худ дастур додааст, ба муҳоҷирони қирғиз бадрафторӣ накунанд. Раҳбари созмони "Иттиҳоди славянӣ" даст доштани аъзои ин созмонро дар қатли муҳоҷирон рад мекунад, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ охири соли гузашта ӯро бо иттиҳоми қатли як шаҳрванди Тоҷикистон бозпурсӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG