Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдорҳои Путин дар форуми Давос


Сарвазири Русия, Владимир Путин аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, бар асари бӯҳрони молиявӣ ба "канораҷӯӣ ва худбинии иқтисодӣ" роҳ надиҳанд. Дар Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давос, Путин ҳамчунин аз дахолати барзиёди ҳукуматҳо ба бозор ҳушдор дод.Сарвазири Чин, Вен Ҷябао аз давлатҳои сарватманд даъват кард, барои коҳиши зарбаи бӯҳрон ба давлатҳои дар ҳоли рушд кӯмак кунанд. Дар ин байн Бунёди байнулмилалии асъор хабар дод, ки рушди иқтисодиёти ҷаҳон дар соли равон ҳамагӣ ним дарсадро ташкил хоҳад дод, ки аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум пасттарин нишондиҳанда аст.
XS
SM
MD
LG