Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи равобити дипломатии Ироқ ва Сурия пас аз 20 сол


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, Бағдод аввалин бор дар 20 соли охир сафири худро ба Сурия мефиристад. Ноиби вазири умури хориҷии Ироқ, Лабид Абавӣ гуфт, сафир Алъа Ал-Ҷаводӣ рӯзи панҷшанбе вориди Димишқ хоҳад шуд. Вай афзуд, сафири Сурия дар Ироқ, ки соли гузашта таъин шуда буд, ба зудӣ вориди Бағдод мегардад. Ду кишвар равобити дипломатиро ду сол пеш эҳё карданд. Дар давраи пас аз ишғоли таҳти раҳбарии Амрико дар соли 2003 Ироқ пайвандҳояшро бо давлатҳои араб ва Эрон тадриҷан барқарор мекунад.
XS
SM
MD
LG