Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон дар Латвия 5 санади ҳамкорӣ имзо хоҳад кард


Сафири Латвия дар Тоҷикистон, Игорс Апокинс мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари расмияш ба Латвия панҷ санади ҳамкории дуҷонибаро ба имзо хоҳад расонд. Ин ҳуҷҷатҳо ба густариши равобити байни Тоҷикистону Латвия дар риштаҳои энержӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра замина хоҳанд гузошт. Ин аввалин сафари раҳбари Тоҷикистон ба Латвия аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравист. Латвия акнун узви Иттиҳоди Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG