Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи шанбеи 31-уми январ ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба иттилои президенти ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев, дар ин ҷаласа масъалаи баргузории Ассамблеяи кулли ҳисоботиву интихоботии Кумитаи миллии олимпӣ баррасӣ шуда, инчунин номзад ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон хоҳад гашт.

Ба гуфтаи оқои Раҷабалиев, аксари созмону федератсияҳои варзишии кишвар, ки узви Кумитаи миллии олимпӣ мебошанд, ба ин вазифа президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кардаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои номзадӣ ба ин вазифа розигӣ додааст.

Бар асоси оинномаи Кумитаи миллии олимпӣ, президенти КМО дар Ассамблеяи кулли кумита интихоб хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин таҷриба дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дида мешавад, чунончи сарварони давлатҳои Беларус, Озарбойҷон ва Туркманистон ҳамзамон президентии кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои худро бар ӯҳда доранд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG