Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи Митчелл бо Олмерт дар Байтулмуқаддас


Фиристодаи ҷадиди Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел имрӯз дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ва сипас дар Байтулмуқаддас бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт мулоқот кард. Қарор аст, ӯ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос низ мулоқот кунад. Вале дидори Митчел бо намояндагони Ҳамос, ки назорати навори Ғаззаро дар даст дорад, матраҳ нест. Ҷорҷ Митчелл дар Қоҳира тамдид ва тақвияти оташбаси эълоншуда миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар навори Ғаззаро “фавқулодда муҳим” номид.
XS
SM
MD
LG