Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус Шӯрои ҳуқуқи башар таъсис ёфт


Владимир Макев, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Беларус раҳбари Шӯрои машваратии ҳуқуқи башар таъйин шудааст. Ин Шӯро дар ҳафтаи равон таъсис ёфт ва намояндагони мухолифинро низ фаро мегирад. Таъсиси ин Шӯро дар ҳоле сурат мегирад, ки ИА ва Амрико ахиран таҳримоти худ алайҳи Минскро сабуктар карданд. ИА қарораш дар мавриди манъи ироаи раводиди сафар ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва аъзои дигари давлати ӯро мутаваққиф кард. Тасмими ниҳоӣ дар мавриди ин таҳрими ИА дар моҳи апрел гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG