Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси сарнавишти Қаробоғ дар Тсюрих


Руасои ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон имрӯз дар Тсюрихи Швейтсария роҳҳалҳои низоъ бар сари вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи кӯҳиро баҳс хоҳанд кард. Ҷузъиёти музокироти имрӯза ҳанӯз дастрас нест, вале Серж Саркисиён ва Илҳом Алиев рӯзи панҷшанбе дар анҷумани иқтисодии Давос низ гирди як миз хоҳанд нишаст. Боку дирӯз гуфт, нирӯҳояш дар як даргирӣ дар наздикии Қаробоғ се сарбози арманиро ба ҳалокат расондаанд. Қаробоғи кӯҳӣ дар поёни солҳои ҳаштодуми асри гузашта, вақте Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард. Даъво бар сари ин қаламрав мунҷар ба ҷанги хунине шуд, ки тақрибан 30 000 кушта барҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG