Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрон шумори бекоронро ба миллионҳо хоҳад афзуд


Созмони байналмилалии кор, як муассисаи вобаста ба СММ, мегӯяд, бӯҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ то поёни соли ҷорӣ метавонад шумори мардуми бекорро ба 51 миллион нафари дигар биафзояд. Ин созмон мегӯяд, ҳатто бар асоси пешбиниҳои хушбинона, теъдоди бекорон назар ба соли 2007 то 18 миллион нафари дигар меафзояд, ки баробари 6 дарсади ҷамъи нирӯи кории мавҷуд дар ҷаҳон будааст. Аммо идомаи бӯҳрон метавонад шумори бекоронро то 30 ва ҳатто то 51 миллион нафар бештар кунад, хулоса кардааст Созмони байналмилалии кор дар гузоришаш.
XS
SM
MD
LG