Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар раҳбарии Ожонсии мубориза бо фасод


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури чанд фармон Тоҳир Ҷобировро - муовини аввали раҳбари Ожонсии мубориза бо фасод ва Анвар Тағоймуродовро муовини раҳбари ин ниҳод таъйин кард. Ҷӯрахон Кабиров бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи муовини раиси Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод “ба сабаби гузаштан ба кори дигар” озод шудааст.
Ахиран додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов фаъолияти ин ожонсиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда буд. Вале Шерхон Салимов, раиси идораи мубориза бо фасод имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба фаъолияти тайи ду сол анҷомдодаи онҳо танҳо раисиҷумҳур метавонад баҳо диҳад.
XS
SM
MD
LG