Пайвандҳои дастрасӣ

Ташдиди эътирози мухолифони Боқиев


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ахиран дар ҳукумати худ дастикам 18 мақоми баландпояро аз кор барканор кард, ки дар миёни онҳо раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ, вазирони хориҷа, кишоварзӣ, омузишу парвариш ва баъзе аз раҳбарони дигари мақомоти маҳаллӣ ҳастанд.

Раисиҷумҳур иддао мекунад, ки вай мехоҳад насли ҷавонро ба корҳои раҳбарӣ ҷалб кунад ва бад-ин тариқ ваъдаи худ барои ислоҳоти иқтисодиро анҷом диҳад. Бино ба маълумоти мавҷуда, аксари шахсиятҳое, ки ба мақомҳо дар ҳукумат таъйин шудаанд, акнун ба синни 40-солагӣ расидаанд. Аммо мухолифони сиёсии Боқиев мегӯянд, то замоне, ки ин низоми сиёсӣ дар сари қудрат қарор дорад, ин гуна радду бадалҳои кадрӣ тағйироте нахоҳад овард.

Омурбек Тикебоев, раиси Ҳизби Ота Макон ва собиқ раиси порлумони Қирғизистон, аз мухолифони ошкори низоми сиёсии раисиҷумҳур ба шумор меравад. Вай мегӯяд, раисиҷумҳур қудрати сиёсиро аслан ба дасти худ гирифтааст. Вай дар ҷараёни боздиди ахири худ аз Амрико дар моҳи декабр гуфт, низоми сиёсии Қирғизистон замина барои раҳбарияти худкомаро ҳамвор сохт ва роҳро барои ришвахориву хешутаборбозӣ боз кард.

Текебоев, ки замоне муттаҳиди Боқиев дониста мешуд, ҳоло ҳамроҳ бо мухолифон ба интиқод аз низоми кишвар машғул аст. Баъд аз бозгашти Текебоев аз Амрико Ҳизби Ота Макони вай бо чанд ҳизби дигари мухолифон муттаҳид шуд, аз ҷумла бо ҳизби "Барои Адолат" , "Оқ Сумкор" ва "Асаба". Онҳо баъд аз иттиҳод эътилофи "Ҷунбиши Муттаҳидаи Мардумӣ"-ро ташкил доданд.

Дар миёни раҳбарони сисёӣ, ки ҳоло бо ҳам муттаҳид шудаанд, ду нахуствазири собиқ, яъне Алмазбек Атамбоев ва Амонгелдӣ Муралиев низ ҳастанд. Исмоил Исоқов, собиқ вазири дифоъ, роза Отунбоева ва Аликбек Ҷекшенқулов, собиқ вазирони хориҷа низ дар ҳамин гурӯҳ шомиланд. Онҳо даъват кардаанд, ки дар баҳори соли ҷорӣ тазоҳуроту раҳпаймоиҳо анҷом бигирад, агар ҳукумат барои раҳоӣ аз бӯҳрони моливу иқтисодӣ ислоҳот анҷом надиҳад.

Мухолифони Боқиев аз вай ҳамчунин тақозо мекунанд, ки вай бояд низоми нимахудкомаиро аз байн бибарад. Бисёре аз онҳо раисиҷумҳурро муттаҳам мекунанд, ки вай хешутаборбозӣ мекунад, ниҳодҳои демократиро маҳдуд месозад ва мухолифони сиёсии худро аз майдон берун меронад. Аз сӯи дигар, давлат фишор бар мухолифонро тақвият бахшидааст ва бар зидди баъзе шахсиятҳои мухолифон парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.

Текебоев аз ахирин шахсиятҳоест, ки мавриди чунин фишор қарор гирифтааст ва дар робита бо тағир додани магазини мусалсали Карабин бар зиддаш парванда боз шудааст. Текебоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2010 аз рақибони нируманди Боқиев ба шумор меравад. Вай мегуяд, Боқиев мехоҳад бо чунин парванда ӯро тарсонад ва аз ширкат дар интихобот маҳрум созад: "Он қадар, ки ман нигарон ҳастам, ин тӯҳмат аст. Онҳо мехоҳанд маро ва дигаронро тарсонанд".

Қарор буд Текебоев дар конфронси байнулмиллалӣ дар Бунёди Корнегӣ ҳамин ҳафта дар Маскав ширкат кунад, вале баъд аз боз шудани ин парванда вай ҳақ надорад кишварашро тарк кунад. Чунин рафтор нисбат ба шахсиятҳои дигари мухолифон раво дониста шудааст. Исмоил Исоқов муттаҳам мешавад, ки дар давраи кораш дар мақоми вазири дифоъ сармояҳои иҷтимоъӣ нодуруст сарф шудаанд. Бар зидди писари вай низ парванда боз шудааст.

Ишенбей Кадирбеков, сиёсатмадори маъруфи дигар, ба иттиҳоми ришвахорӣ дар зиндон ба сар мебарад. Бисёре аз инҳо, аз ҷумла Текебоев, дар инқилоби лолаии соли 2005 муттаҳидони Қурмонбек Боқиев буданд ва вайро сари қудрат оварданд. Бейшенбек Абдрасаков, узви Ҳизби Оқ Жули тарафдори раисиҷумҳур, эътироф кардааст, ки чунин раванд "кори маъмулии ҳукумат бар зидди мухолифонаш" аст.

Бейшенбек Абдрасаков мегӯяд, "пайдо кардани моддае дар қонуни ҷиноӣ ва ба касе мутобиқ кардани он, барои мисол, аз сӯи Путин бар зидди Ходарковский истифода шуда буд. Ин як шеваи кори раҳбарон аст, ки бар зидди мухолифон истифода мекунанд. Барои ҳамин бояд мухолифон тоза бошанд".

Ҳар гуна нооромӣ дар Қирғизистони ақибмондаву фақир боиси нигаронии ҳам Ғарб ва ҳам Русия хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG