Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Раул Кастро ба Русия оғоз ёфт


Раҳбари Куба Раул Кастро сафари якҳафтаинааш ба Русияро оғоз кард. Ин сафар то 4 феврал идома хоҳад ёфт. Маскаву Ҳавана дар даврони Ҷанги сард муттаҳидони наздик буданд, вале дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи Русияву Куба ба сардӣ гароид. Сафари моҳи ноябри раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Куба аломати азми Маскав барои эҳёи ин равобит талаққӣ мешуд. Мақомоти Русия мегӯянд, баррасии қарордодҳои ҳамкорӣ дар риштаи энержӣ як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ҷараёни мулоқотҳои Раул Кастро дар Маскав хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG