Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ба каломаш содиқ нест?


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев

Нашрияҳои Русия навиштаанд, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев барои як изҳороташ дар Тошканд дар маркази моҷарои ногуворе қарор дорад.

Сомонаи интернетии “Полит.ру” нигоштааст, ки раҳбари Русия дар “содиқ набудан ба калом” айбдор мешавад. Сомона ташреҳ кардааст, ки дар ҷараёни сафари ахири Медведев ба Узбакистон раҳбари ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов аз ӯ хост, ки дар робита ба моҷарои об дар минтақа рӯи Қирғизистон ва Тоҷикистон фишор биёварад. Ва раисиҷумҳури Русия изҳор намуд, ки мушкили об дар Осиёи Марказӣ бояд дастаҷамъона ҳал шавад. Ӯ афзуд, “Русия ҷонибдори он аст, ки ҳар кишвари минтақа дар бораи бунёди муассисае бояд бо ҳамсояҳо ба созиш бирасад ва далелҳои аз лиҳози муҳитзистӣ зараровар набудани тарҳро пешниҳод кунад”. Нашрияҳо навиштаанд, ки манзур - бунёди нерӯгоҳи Роғун дар рудхонаи Вахши Тоҷикистон аст.

Ба навиштаи “Полит.ру”, ба назар мерасад, посухи Медведев ба Ислом Каримов, ки чанд сол боз аз имкони таҳдиди бунёди нерӯгоҳи муҳташами Роғун ба ҳосили пахтаи Узбакистон бонги изтироб мезанад, хуш омадааст. Ба истилоҳи дигар, Маскав Тошкандро мутмаин сохтааст, ки бидуни тавофуқи ду кишвари ҳамсоя Русия “аз ширкат дар ин гуна тарҳҳо худдорӣ хоҳад кард”.

Муаллифи матлаб менависад, “изҳороти Медведев воқеан ҳам ғароиб аст, зеро ӯ моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе эълом дошт, ки “мо тарҳҳо бузурги муштараки Русияву Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунем, ки муҳимтарини онҳо тарҳҳои гидроэнергетикӣ хоҳанд буд”. Ӯ бо қатъият гуфта буд, ки Русия нерӯгоҳи Роғун ва боз се нерӯгоҳи дигар дар рудхонаҳои Тоҷикистонро бунёд хоҳад кард. Ва ҳамон вақт, ёдовар мешавад “Полит.ру”, ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои нави энерҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон миёни вазорати саноат ва энерҷии Тоҷикистон ва ширкати русии “Интер РАО ЕЭС” имзо шуда буд. Сомона ҳамчунин менависад, ки он замон Дмитрий Медведев дар бораи он ки Тоҷикистон бояд нерӯгоҳро баъди созиш бо ҳамсоякишвараш бунёд кунад, ҳарфе ба забон наоварда буд.

Рӯзномаи “Независимая газета” чопи Маскав ҳадс задааст, ки Русия ба дунболи Украина шояд ҳампаймонаш Тоҷикистонро аз даст диҳад. Ба навиштаи ин нашрия, Душанбе аз он норозист, ки Русия дар баҳс миёни Тоҷикистону Узбакистон оид ба истифодаи оби рудхонаҳои фаромарзӣ пуштибони Тошканд шудааст.

Замони шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ обу нерӯи барқро баробари истифода мекарданд ва аммо ҳоло ҳамсояҳо дар ин маврид вориди мушкил шудаанд. “Независимая газета” ёдовар шудааст, ки шурӯъ аз рӯзи 27 декабри соли гузашта Узбакистон интиқоли нерӯи барқи Туркманистон барои Тоҷикистон аз тариқи қаламравашро қатъ кард ва бар асари ин дар Тоҷикистон боз реҷаи шадиди интиқоли барқ ҷорӣ гардид.

Сомонаи интернетии Сеntral Asia News бо такя ба навиштаи нашрияи “Собития” суол гузоштааст, ки манзури раисҷумҳури Русия аз истифодаи вожаи “шиддати вазъ” ва истилоҳи “роҳҳои хатарбортари ҳалли мухолифат” чӣ буд? Ин вожаҳоро ҳар гуна метавон тафсир кард ва аммо Русия намоиш дод, ки агар зарурати ҳалли моҷарои об бо истифода аз нерӯ ба миён ояд, аз кадом кишвар пуштибонӣ хоҳад кард. Ба навиштаи нашрия, расонаҳои Узбакистон на як бору ду бор ба имкони истифодаи нерӯ аз сӯи Узбакистон алайҳи кишварҳои дорои захоири бойи об ишора кардаанд.

Аксари расонаҳои Русия изҳороти Дмитрий Медведевро бо он марбут мекунанд, ки Тошканд дар музокироти ахир эълом дошт, гази худро фақат ба Русия мефурӯшад ва баъдан ба кадом кишвар интиқол ёфтани он - салоҳдиди худи Русия аст. Зиёда аз ин Ислом Каримов ба ҳамтои русаш пешниҳод намуд, ки Маскав имсол метавонад аз Тошканд ду баробар бештар, яъне 16 миллиард метри мукааб газ харидорӣ кунад.

Сомонаи интернетии “Полит.ру” менависад, “изҳороти барои Эмомалӣ Раҳмон нохушоянди Медведев – баҳоест, ки Русия барои вуруди Узбакистон ба тарҳи интиқоли газ аз соҳили дарёи Хазар пардохтааст”. Ин тарҳ қаблан аз сӯи Русия, Қазоқистон ва Туркманистон пазируфта шуда буд ва аммо Узбакистон онро нодида мегирифт. Муаллифи матлаб менависад, аҷаб нест, агар Дмитрий Медведев ваъдаи худ барои сармоягузории бунёди нерӯгоҳи Камбарат дар Қирғизистонро низ “фаромӯш кунад”.
Зимнан, “Интер РАО ЕЭС” дар мавриди он ки баъд аз изҳороти раисиҷумҳур ширкат ба аҳди пешинаш дар бораи бунёди нерӯгоҳи Роғун содиқ монд ё на, расман изҳороте пахш накардааст.

Сухангӯи ширкат Борис Зверев ҳам ба суоли мо дар ин бора посухи мушаххас надод: “Изҳороти раҳбари кишварро ман ташреҳ карданӣ нестам ва дар мавриди нақшаҳо бояд бигӯям, ки на ҳама нақшаҳои мо дастраси омма мешаванд ва аз ин рӯ ман наметавонам бархе аз ҷузъиёти кори ояндаамон дар минтақаро барои шумо ошкор созам”.

Нашрияҳои Русия навиштаанд, ки алъон равшан нест, ки дар вазъи феълӣ Тоҷикистон аз кадом иқдом кор мегирад. Ва аммо возеҳ аст, ки Душанбе робитаҳояш бо Маскавро бояд ҷиддан бознигарӣ кунад. Ва Русия ҳам қабл аз пахши ин гуна изҳорот бояд аз паёмадҳои он биандешад, зеро кишварҳои зиёде хостори ҳамкории густарда бо Тоҷикистон ва ҳатто бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар ин кишваранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG