Пайвандҳои дастрасӣ

12 толиб дар Одамхел кушта шуданд


Мақомҳои низомии Покистон мегӯянд, нирӯҳои амниятии ин кишвар дар ҷараёни як амалиёти густардаи зиддичирикӣ дар як рустои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон 12 ҷангии толибро ба ҳалокат расондаанд. Нирӯҳои амниятӣ бар асоси маълумоте, ки мегуфт, як гурӯҳи ҷангиён дар ҳошияи дараи Одамхел ба ҳамла омодагӣ мегиранд, даст ба ин амалиёт задаанд. Дараи Одамхел бо корхонаҳои тавлиди қочоқии аслиҳа бо бозори низ қочоқии фурӯши аслиҳааш маъруф буда, пойгоҳи гурӯҳи тундрави мазҳабии Лашкари Ҷангӣ низ дониста мешавад, ки ин гурӯҳ бо шабакаи Ал-Қоида иртиботи наздик дорад.
XS
SM
MD
LG