Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Митчелл вориди Исроил шуд


Фиристодаи ҷадиди Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел имрӯз дар пайи дидори Миср вориди Исроил шуд. Қарор аст, ӯ бо раҳбарони Исроил ва ҳам бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кунад. Вале дидори Митчел бо намояндагони Ҳамос, ки назорати навори Ғаззаро дар даст дорад, матраҳ нест. Ҷорҷ Митчелл имрӯз дар Қоҳира тамдид ва тақвияти оташбаси эълоншуда миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар навори Ғаззаро “фавқулодда муҳим” номид.
XS
SM
MD
LG