Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз истиқрори мушакҳояш даст мебардорад


Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, Русия барномаи истиқрори мушакҳояш дар вилояти ғарбии Калининград, дар наздикии марз бо Лаҳистонро ба ҳоли таълиқ даровардааст. Ин ожонсӣ бидуни бурдани ном аз қавли як мақоми ситоди кулли артиши Русия навишт, ки маъмурияти ҷадиди Амрико рӯи барномаи истиқрори бахшҳои сипари зиддимушакиаш дар кишварҳои Аврупои шарқӣ чандон исрор намеварзад ва далели тавқиф дар амри истиқрори мушакҳои русӣ дар Калининград ҳамин будааст. Вазорати дифоъи Русия то ҳол аз шарҳи ин хабар худдорӣ меварзад. Сафири Амрико дар НАТО Курт Вокер аммо гуфт, агар ин хабар дуруст бошад, як гоми хеле мусбат аст.
XS
SM
MD
LG