Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Аҳмадинажод ба иқдомоти Обама


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, маъмурияти Амрико ба тағйири бунёдии сиёсаташ ниёз дорад, на ба тағйири шеваҳои пешбурди ин сиёсат. Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, Амрико бояд барои, ба гуфтаи вай, “ҷиноятҳо”-и алайҳи мардуми Эрон содиркардааш узр бихоҳад. Мамониат ба пешбурди барномаҳои ҳастаии Эронро Маҳмуди Аҳмадинажод дар шумули чунин “ҷиноёт” ном гирифтааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ахиран гуфт, ки ӯ барои гуфтугӯ бо Эрон омода ҳаст, вале маъмурияти вай дар ин ҳафта ҳушдор дод, ки агар Эрон тақозои Шӯрои Амниятро иҷро накунад, ба таҳримоти бештар рӯбарӯ хоҳад шуд. Амрикову муттаҳидинаш бар ин боваранд, ки Эрон тавассути барномаҳои ҳастаияш мехоҳад ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ даст биёбад. Аммо Эрон ин барномаҳояшро мусолиматомез хонда, мегӯяд, ҳадафаш нирӯи барқи ҳастаист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG