Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Маскаву Тифлис бар сари сарбоз Глухов


Гурҷистон мегӯяд, сарбози русе, ки нирӯҳои гурҷӣ дар наздикии марзи вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ дастгир карданд, мехоҳад дар Гурҷистон бимонад. Русия мегӯяд, нирӯҳои Гурҷистон Александр Глухови 21-соларо, ки тоза ба сафи артиш даъват шуда буд, асир гирифтаанд. Аммо Тифлис ва худи Глухов мегӯянд, ки ӯ дар артиши Русия ба вазъи тоқатфарсое мувоҷеҳ шуда, аз Гурҷистон дархости паноҳандагӣ кардааст. Мақомоти гурҷӣ Глуховро хуш истиқбол ва бо манзил таъмин карда, ҳатто дар як ошхонаи МакДоналдс дар Тифлис зиёфаташ додаанд. Тифлис ҳатто волидайни ин сарбозро ба Гурҷистон даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG