Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 мусофир дар таркиши Қандаҳор


Пулиси Афғонистон мегӯяд, таркиши бамб дар ҷануби ин кишвар ба як мошини мусофирбар асобат карда, 4 нафарро кушта ва 9 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт. Инфиҷор рӯзи сешанбе дар улусволии Жарии вилояти Қандаҳор ба вуқӯъ пайваст ва пулис Толибонро масъули ин минагузорӣ номидааст. Ҷануби Афғонистон яке аз марокизи муқовимати ҷангиёни толиб маҳсуб мешавад. Ва ҳам дирӯз афроди мусаллаҳ аз маҳалли бунёди як сохтмони пулис дар вилояти Ҳирот 10 коргарро рабуданд.
XS
SM
MD
LG