Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Шоҳҷоизаи Иван Яригин


Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии озод барои дарёфти Гран-при ё Шоҳҷоизаи Иван Яригин, дукарат қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, дар шаҳри Красноярск бо пирӯзии дастаи мунтахаби Русия ба анҷом расид.

Дар бистумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ ҳудуди 200 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон дар ҳайъати 35 даста ҳунарнамоӣ карданд. Дастаи ғолиб соҳиби 24 медал, аз ҷумла 6 медали тилло гардид. Дар 6 вазн паҳлавонони Русия Наримон Исропилов (то 55 кг), Адам Ботиров (то 60 кг), Амир Беруков (то 66 кг), Махач Муртазалиев (то 74 кг), Сослан Ктсоев (то 84 кг) ва Георгий Кетоев (то 96 кг) ҷойҳои аввалро касб намуданд. Танҳо дар як вазн – то 120 кг – гуштигири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Мокко пирӯз шуд. Инчунин гуштигирони озарӣ Зелимхон Ҳусейнов (то 60 кг), Чамсулвара Чамсулвараев (то 74 кг) ва Меҳмон Имонқулиев (то 96 кг) се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ шарафи варзиши тоҷикро 9 нафар ҳимоя карданд. Вале камтаҷрибагӣ ба гуштигирони мо имкон надод, ки дар ин мусобиқа муваффақ шаванд. Танҳо Назар Марадбеков дар вазни то 84 кг дар байни 7 нафар беҳтарин гуштигирон ҷойгир шуд».

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов ин аввалин мусобиқаи гуштигирони тоҷик дар мавсими нави варзиш ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG